СУҒД. Инчунин барои омода намудани 20 нафар тарғиботчиён аз ҳисоби ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди деҳоти Чилгазӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ” машварати бозомӯзӣ гузаронида шуд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Обидбой Аҳмадов оид ба вазъи ҷаҳони муосир, омилҳои пайдоиши ҳаракатҳои эстремисти террористӣ, роҳҳои пешгирии он ва ҳадавҳои иғвоангезонаи ТЭТ ҲНИ маълумот дод. Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДИ дар шаҳри Исфара Фотима Тоҷибоева оид ба тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ байни занон ва ҷавонон изҳори андеша кард. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев тарғибгарони ҷавонро барои тарғибӣ дастовардҳои беназири солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят кард. Иштирокчиёни машварати бозомӯзӣ дар мубоҳисаи сиёсӣ оид ба тарзу услубҳои пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ фикру дархостҳои худро баён карданд. Ба ҳар як иштирокчии машварат дастури тарғибии “Эстремизим ва терроризм – вабои аср” барои ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи тарғибӣ дастрас карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо