АНДЕША. Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла, ҷавонони дар муҳоҷирони меҳнатӣ қарордошта мебошад. Ҷавонон набояд зираки сиёсии хешро аз даст надиҳанд ва онҳо аз мафҳумҳои зерин бохабар бошанд.
Эктремизм чист?:- ин фаъолити ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба даъвати нооромӣ дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Терроризм чист?:- ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва воқеъӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсию ҷамъиятӣ зарари калон расонида шуда, боиси ҳалокати одамони зиёди бегуноҳ мегардад. Инчунин дар натиҷаи он сохти конститутсионӣ, амнияти ҷаъмияти халалдор карда шуда, ба он тарсу ваҳм ворид карда мешавад.
Террорист кист?- шахсе, ки дар анҷом додани фаъолити террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамоянд.
Бо сабаби хатари калони ҷамъиятӣ доштан фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон манъ карда шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо аз қабили “Салафия”, ”Ҳизби ут –Таҳрир”, ”ДИИШ”, ”Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, ”Гуруҳи 24”, ”Ал Қоида”, “Ҳизби наҳзати исломи” ва дигарон мебошад.
Ҳамватанони гиромӣ, ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилӣ худ дар ҳориҷӣ кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед!
Бахусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ваъдаи дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудаи шахсони шубҳанок, ки Шумо онҳоро намешиносед, бовар накунед. Донед,ки шахсони бегона метавонад ба Шумо таъсир расонида, гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҳар роҳ, ба хусус бо фирстодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ таблиғ намуда ба сарфяшон ҷалб мекунанд (Одноклассники, Фейсбук, Вайбер, Вотсапп Вконтакте ва дигар) таблиғ намуда ба сафҳояшон ҷалб мекунанд. Ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳанок ҷавоб надиҳед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гуруҳҳо қайд яъне лайк нагузоред. Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст,ки идеологҳои ин гуруҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намуданд. Ифротгароии динӣ як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, як туфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятист. Бубинед,ҳазорон ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашида мешаванд,онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сӯзанда ва вайронкор табдил мегарданд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо ва дар ҳориҷи кишвар аз шиносоӣ ва сӯҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷуед. Ҳаёти худро барои манфиатҳои шахсии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремисти насӯзонед!. Дар хотир доред,ки падару модар ,бародару хоҳар,зану фарзанд Шуморо дар Ватан интизоранд! Фарзандони худро аз меҳри падар маҳрум накунед.
Шарифов Бобурҷон
Роҳбари намояндагии
ТҶҶ « Созандагони Ватан »
дар ш.Истаравшан
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо