АНДЕША. Ба ҳар халқу миллати худшиносу худогоҳ Истиқлолият яке аз муҳимтарин арзиши ҳаётӣ маҳсуб меёбад. Алалхусус, ба ҷавонон Истиқлолият тамоми дарҳоро боз намуд. Дар давоми бистуҳафт соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дартамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳо андешид. Дар ин муддати кутоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло гардидани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид. Ноҳияи Деваштич, ки яке аз гушаҳои зебоманзари Тоҷикистон мебошад, дар он зиёда аз 73400 нафар ҷавонон умр ба сар мебаранд. Аз ин шумора 36185 нафарашонро хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ташкил менамоянд. Аз ҳисоби ҷавонон 5 нафар гирандагони Идрори Президентӣ, 21 нафар гирандагони идрори раиси ноҳия ва 10 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия стипендияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мегиранд. Соли равон аз 2412 нафар хатмкунандагон 21 нафар тибқи Квотаи Презитентӣ ва 1324 нафар тариқи маркази миллии тестӣ соҳиби номи пуршарафи данишҷӯйӣ гардиданд. Ҳамзамон наздик ба 70 нафар ҷавонони ноҳия дар макотиби олии хориҷӣ таҳсил менамоянд. Яъне Истиқлолият заминае барои ҳар як ҷавони ноҳия нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Беҳуда нест, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату ҳукумат ва ворисони сазовори ояндаи кишвар мегӯянд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар ҷавонони далеру шуҷои ноҳия адои хизмати ҳарбӣ намуда, дар қатори дигар ҷавонони кишвар барои марзу бум ва амният, ҳаёти осоиштаи сокинон ва дастовардҳои Истиқлолияти кишвари азизамонро муҳофизат менамоянд. Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба тавсиб расид. Бо боварии том гуфта метавонем, ки ҷавонони қавииродаи ноҳия ба даъвати тирамоҳӣ соҳибихтиёрона ҳозир мешаванд. Ҳамзамон баҳри пешгирии амалҳои номутлуби замони муосир аз қабили терроризму экстремизм ҳиссаи худро мегузоранд.
Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо