ХАТЛОН. Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд пеш аз ҳама, барои харҷи беҳтар гардидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем» Дар маркази шаҳри Бохтар майдони Теппаи «Бибихонум» чорабини бошукуҳе аз тарафи ТҶҶ «Созандагонӣ Ватан» бахшида ба рӯзи бузургдошти сардафтар, яъне асосгузори адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳ Рудакӣ барномаи фарҳангие барпо гашт. Дар ин чорабини муовини Раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, намояндаи Бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Мирзохонов Искандар, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Баротов Сайҷафар ва Роҳбари ТҶҶ «Созандагонӣ Ватан » Асадуллозода Ватан иштирок намуданд. Дар ин чорабини аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» муассисаҳои таълими шаҳр фаъолона иштирок намуда, аз ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеърхони намуда, аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо сипосномаҳо қадрдони карда шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо