ХАТЛОН. Вохӯрии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак бо ҷавонони минтақаи манзилии №1 дар шаҳр зимни вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз тарафи мудирони шуъбаҳои кор бо занону ҷавонон ва таблиғот иттилоот ва матбуот муслима Ғуриева ва Фирдавс Ғафурзода баромадҳо карда шуд. Муслима Ғуриева оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми баромад намуда, сипас Ғафурзода Фирдавс оиди аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳхои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо корупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо