СУҒД. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ субҳи 22.09.2018 дар маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ конференсияи илмӣ - адабӣ баргузор гардид, ки дар ташкил ва баргузории он саҳми аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" - донишҷӯёни маҳфили "Эҷод" хеле бузург аст.
Конфронсро раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар муассисаи мазкур Манзура Ҳошимова ифтитоҳ карда, мақсад ва барномаи онро муаррифӣ намуд.
Директори коллеҷ, номзади улуми суханшиносӣ Муслима Шарифова дар мавзӯи "Устод Рӯдакӣ ва мақоми ҷовидонаи ӯ дар таърихи адабиёти ҷаҳон" маърӯза кард.
Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба "Истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ ва шинохти воқеии устод Рӯдакӣ ҳамчун шоири ҳаким" сухан гуфта, таъкид намуд, ки маҳз истиқлолу ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ташаккул бахшид ва моро бо мероси пурғановати гузаштагонам хубтару бештар ошно сохт.
Сипас донишҷӯёни курсҳои аввал, дуюм ва сеюми ин муассисаи таълимӣ аз эҷодиёти абаршоири ҳамаи давру замон - устод Рӯдакӣ шеърҳо хондан ва саҳначаеро аз давраҳои охири ҳаёти Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс пешниҳоди иштирокчиён намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии коллеҷи мазкур Манзура Ҳошимова Сипосномаи кумиҷроияи ноҳиявӣ барои саҳми бузург дар ташвиқи ғояҳои ҲХДТ супурда шуд. Ҳамчунин, ба сардори маҳфили "Эҷод" Меҳриддин Сулаймонов ва дигар иштирокчиёни фаъоли чорабинии имрӯза туҳфаҳои хотиравии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ супурда шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо