ХАТЛОН. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Кўшониён фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Анҷумани Х11 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда, барои баланд бардоштани мақом ва обрўи ҳизб дар ҷомеа, муносибати ҷиддӣ намуда, корҳои муайянеро ба иҷро расонида истода аст
Тибқи нақша чорабинии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандаголни Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандаголни Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён Асроров С ва корманди шуъбаи маорифи ноҳия Назарзода Азиза инчунин директори муассиса Мущтожова Р ва омузгорон иштирок намуда, баргузории суҳбатҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №39 бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо дар мавзуҳои омухтани таърихи миллату давлати тоҷик ба хотири хифзи манфиятҳои миллӣ ва ҳимояи давлату миллат, огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҷалби онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ, ки ақидаҳои нопоку хоинонаи ин гуруҳҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо роҳи фиреб ҷалб кардани ҷавонон ва истифодаи онҳо барои манфиаҳои худ, садокат ба ватан тули таърих аз ҷониби қаҳрамонони миллат ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободӣ ва шукуфоии ватани азизамон, омухтани илму дониш ва техналогияи муосир ба хотири мутобиқ сохтани чомеаи имрӯзаи кишвари азизамон ба ҷомеи пешрафтаи ҷаҳонӣ, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва сабақҳои таърихии милати тоҷик, пайрави аз конунҳои амалкунандаи барои манфияти чомеи имрӯза ва ба хотири омода намудани ҷавонону наврасонро дар руҳияи инсондустӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо