ХАТЛОН. Ба хотири аз байн бурдани падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пешгири и ҷавонон аз гуруҳои ифроти, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан ва ҷой намудан дар мафкураи сиёсии ҷавонон Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонон хонандгони сифҳои болои Литсейи Давлатии «Литсейи Давлатии №1»-и шаҳри Бохтар вохури баргузор намуд. Дар ин вохури намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан , роҳбари литсей Қосимова Баҳригул ва омузгорон иштирок намудан. Саравал роҳбари литсей Қосимова Баҳригул ба сухан баромада меҳмононро ба ҳамагон шинос намуда оиди Таълиму тарбияи насли наврас ва ҷалб намудани онҳо ба донишгоҳу донишкардаҳои олии кишвар ва берун аз он баромад намуда суханҳои пурмуҳтаво ба ҷавонон бараси намуда сипас суханро ба Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дод. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшудан ба гуруҳои ифроти » фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуда, сипас дар идома бахшида ба рӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фикру ақидаи хонандагонро дида баромад, хонандагон донишу маҳорати худро ба намояндагон ба баҳои баланд нишон доданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо