ХАТЛОН. Ба хотири тарбияи насли ҷавон ва дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ , дуст доштани ватану миллат ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагонӣ Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Бохтар бо ҷавонони маҳалаи Айни дар шаҳри Бохтар вохури баргузор намуд. Дар ин вохури намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан , роҳбари литсей ва омузгорон иштирок намудан. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан оиди «Пешвои миллат- ҷонибдори ҷавонон » ба сухан баромада фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуда қайд кард, ки бо кӯшишу пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуда, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нӯмуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиш Созмони Миллали Мутаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо