ХАТЛОН. Бо мақсади иҷрои дастури Кумитаи иҷроияи марказӣ, ҷиҳати баргузории чорабиниҳои созмони кор бо ҷавонони ҳизб бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон ба зинаи сеюми таҳсилот дар байни донишҷӯёни Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ, инчунин, ҷонишини директор оид ба таълим Маҳмудзода Қумриниссо ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ситамова Муаззама иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал Маҳмудзода Қумринисо суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Истиклолият табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият барои миллати шарафманди тоҷик неъмати бебаҳо буда, бо ба даст овардани Истиқлолият комил мардуми озодандешу сулҳпарвари тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Сипас Мунаввараи Бозорали ба сухан баромада, қайд кард, ки бисту ҳафт сол аз талошу мубориза, иқдомҳои созандаву бунёдкорона сипари гардид. Аз ин рӯ мо бояд фаромӯш накунем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон бар сари миллати мо рӯзҳои сахту сангин ҷанги шаҳрвандӣ омада буд. Касе умед надошт, ки дар Тоҷикистон ба ҷои садои тиру тафанг, садои хандаи тифлон ба гӯш мерасад. То замоне, ки фарзанди барӯманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат қадами устувор гузошт. Инак, бисту ҳафт баҳор аст, ки дарахти сарсабзу хуррами Истиқлолият меваҳои ширин ба бор оварда ва дар айни замон дар авҷи нашъунамост.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо