ХАТЛОН. Вобаста таъмини иҷрои нақша-чорабинии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар нохияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и нохия бо иштироки роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар нохияи Ҷалолиддини Балхӣ Нуруллоев Саъдулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохурӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Нуруллоев Саъдулло оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Сафарҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳхои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо