ХАТЛОН. Бо чунин унвон рӯзи 14 сентябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳия бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии наврасону ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Солиҳов Маҳмадрасул, директори маркази пешгирӣ алайҳи бемории Спид Алифов Ҷаҳонбек ва директори КВД «Маркази иттилоот ва тамоюл ба ҷавонон дар ноҳия» Тағоев Ҷамшед иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизму ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Баргузории чунин вохӯриҳо тибқи ҷадвал ҳафте як маротиба дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо