ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон санаи 14.09.2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умии №10 ба номи Ҷурахон Иброҳимови ноҳияи Балҷувон суҳбату вохўри дар байни 25-нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ суҳбату вохўри бо мақсади ташаккулу мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо таҳти шиори “Мо ҷавонон муҳофизону созандагони Ватан” доир гардонида шуд.
Дар муассисаи таълимии болозикр 29-нафар омўзгоро ба хонандагон дарс мегўянд, ки аз ин 12-нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Зимни баромади хеш роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона қайд намуданд, ки донишманди маъруф Унсурмаъолии Кайковус дар асараш “Қобуснома” андар боби фарзанд парваридан ва оини он овардааст: “Бидон, эй азизи ман, ки агар Худо туро писаре диҳад аввал номи нек ба вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст, баъдан ба доягони меҳрубон супор ва вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва бо ҳасби тоқати хеш шодмонӣ кун ва чун бузург шавад, вайро пешае биомўзӣ”.
Дар такя ба ин гуфтаҳо, дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода буд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асосӣ ба душӣ падару модар аст,зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд.Онҳоро дунёро бо чашму дили волидайн дарк карда, муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи онҳо муайян менамоянд.
Бо дар назардоши ин, мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар тарбияи хонаводагӣ мебинем.Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандўсту ватанпарвар натиҷаи мусбат ба даст меояд ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегирад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо