ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар мактаби таҳсилоти умумии№2-и нохияи Дӯстӣ дар мавзуи «Созандагони боэътимоди Ватан» бо хонандагони синфҳои болои сӯҳбату вохурӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи таблиuот, итилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ-и ноҳия иштирок ва суханрони намуда, дар бораи дуруст дарк кардани самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баланд бардоштани руҳияи ватандустии онҳо ба хонандагон ва омӯзгонрон сӯҳбат доир намуданд. Дар рафти суҳбат мавзуъҳои ба накша гузошташудаи ТҶҶ «созандагони Ватан» маъруза гардида, ҷавонону хонандагони мактабро бори дигар пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатхои ифроти, терроризму экстремистӣ инчунин истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дода таъкид гардидонида шуд, ки вазифаи асосии мо ҷавонон танҳо аз худ кардани илм ва дониш аст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо