ХАТЛОН. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Норак бо иштироки рощбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохурӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Фирдавс Ғафурзода оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Сафарҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳхои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо корупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо