ДУШАНБЕ. Нимаи дуюми имрӯз дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Шамсов Сайдалӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Бурҳонзода Муслиҳиддин ва роњбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур- Вализода Муҳаммад бо наврасону ҷавонон мулоқоту вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрӣ Шамсов Сайдалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва экстремистӣ, омӯзиши илм, касбу ҳунар, тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, таҳкимбахшӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ, риоя ва татбиқи Маромномаи сокини пойтахт ва амсоли ин суханронӣ намуд. Сипас Вализода Муҳаммад перомуни тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди насли даврони истиқлол, тарбияи ватанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан, арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастӣ ва дар роҳи рост тарбия ва ҳидояти насли ҷавон ҳарф заданд.
Бурҳонзода Муслиҳиддин таъкид кард, ки давлат ба нерӯи солим, созандаву бунёдкор, соҳибхирад ва тавонову ватансози ҷавонон дар бунёду созандагӣ ҷиҳати татбиқи ормонҳои миллат такя мекунад. Ҷавонон низ бояд аз ҷониби хеш бо донишу малака, соҳибкасб, соҳибтахассус ва бо эҳсоси гарми меҳанпарастӣ мусаллаҳ ва омода бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо