ВОКУНИШ. Таърихи инсоният аз лаҳзаи пайдоиш то ба имрўз бо дин иртиботи қавӣ дорад ва ин таҳавуллот ба ҳаёти инсон аз таваллуд то марг таъсир мерасонад. Ин аст, ки дар фарҷоми асри 20 ва оғози садаи 21 инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқишаҳо дар нуқтаҳои гуногуни дунё гардидааст. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки имрўз ифротгароии динӣ маҳз бо истифодаи муғризонаи шиорҳои дини мубини ислом доман паҳн намуда, дар натиҷа бо обрў ва манзалати ҳамаи мусулмонон латна зада истодааст.
Паҳн намудани ифротгароии динӣ дар нуқтаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла кўшишҳои аланга додани он дар кишвари мо аз ғаразҳои бозингарони бузурги байналмиллалӣ сарчашма гирифта, ба костагардонии низому тартиботи ҳуқуқӣ ва муборизаҳои идеологӣ, аз ҷумла коҳиш додани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, низоми маориф, тафаккури созанда ва латна задан ба шуури муқаррарии шаҳрвандон дар замони муосир нигаронида шудааст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷўёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияти идеологияи миллии худ, ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибон равона шудааст. Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рў намегардонанд. Ҳатто, баъзе доираҳои манфиатдор кўшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо либоси мусбӣ пўшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд.
Албатта, хеле аламовар ва боиси таассуф аст, ки баъзе созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва абарқудратҳо аз хурдтарин гуруҳҳои ифротӣ баҳри манфиатҷўӣ пуштибонӣ менамоянд.
Кабирӣ ва чанд тан хоинони миллат бо даъвоҳои беасос ва бепояи худ Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупоро пуштибони худ медонанд. Ў ва ҳаммаслаконаш худро ҳамчун ҳомӣ ва мушкилкушои мардум тарошида, чандин фарсахҳо аз Тоҷикистони азиз дур садо баланд мекунанд.
Кабирӣ яқинан медонад, ки бо ниқобҳои ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ, гуруҳи бо ном «Озодандешон», гуруҳи 24 хостаҳояшон амалӣ нашуд, ҳиллаву фитнаҳои дигарро пеша карда, бо таъсиси ташкилоти сиёсии ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» барои ба доми худ афтондани раҳгумзадаҳои навбатӣ ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷӣ иқдом намудааст.
Тавре дар боло зикр намудем, чунин гуруҳҳо ба ҷуз андешаву афкори манқуртии худ, дигар арзишҳоро билкул эътироф намекунанд. Ватан, миллат, ободиву созандагӣ ва илму дониш барои онҳо бегона буда, барномаи фаъолияташон низ дар доираи нақшаҳои хоҷагонашон маҳдуд шудааст ва мехоҳанд онро амалӣ созанд.
Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки чунин фармудааст:
Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гўш,
Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурўш.
Шаванд ҳар ду-се рўзе муриди нодоне,
Тиҳӣ зи дину хирад, холӣ аз басирату ҳуш.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо