ХАТЛОН. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси нақшаи кории худ аз ҷониби муовини раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдулов Вайсидин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ, бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзуи Ташаккул ёфтани мафкураи сиёсии хонандагон, инчунин огоҳонидан аз хатарҳои терроризму экстремизм вохурӣ баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки терроризму эктремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу восита ва ҳатто бо усулҳои айриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Инчунин рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таврӣ мушахас фаҳмонида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо