ДУШАНБЕ. Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино чорабинии сиёсӣ – фарҳангиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бо ҷалби васеъи наврасону ҷавонон, хонандагон, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва омӯзгорони ҷавони ин муассиса доир намуд.
Дар он Сайдалӣ Шамсов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ карда, зимни баромади хеш қайд намуд, ки истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои халқу миллат ба шумор меравад. Бо шарофати истиқлолият мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гаштем. Бояд наврасону ҷавонон ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, шукргузорӣ аз истиқлолияти давлату давлатдорӣ расида, дар гул-гушукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо