СУҒД. Санаи 4 сентябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба 27 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони Истиқлолият неъматибебаҳост соати сиёсӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар он роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шаҳр Шарипов А ба дастовардҳои Истиқлолият маърӯза намуд ва баъдан омӯзгорони фанни таърих низ доир ба таърихи истиқлолият баромад намуданд. Дар фарҷом филми мустанати «Бозгашт аз ҷаннам»-ро дидан намуданд ва онро муҳокима карданд. Омӯзгори Тоҷидинова Т баромад намуда,ҷавононро даъват ба амал намуд,ки зиракии сиёсиро аз даст надода,барои пешрафт ва ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо