ХАТЛОН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Аксия ҳизбӣ тањти унвони «Мо аз диёри обҳо» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» карда шуд.
Дар Аксияи мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва чавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Шањритуз Абдуллоева Шоира иштирок дошта, доир ба ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ карда, афзуд, ки ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, иқдоми некбинонае, ки барои рушду нумуи кишвар ва дар баробари дигар давлатҳои абарқудрат ҷой доштани Тоҷикистон, ба қадри заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат расанд ва ҳар қатра оби шифобахшу мусаффои Ватанро самараноку сарфҷӯёна истифода баранд суханронӣ намуд.
Дар охир ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дастрас карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо