СУҒД. Дар асоси нақша-чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии хочагии ҷангали Н.Ҳувайдуллоеви ноҳия бо иштироки кормандони ҷавони он мулоқот баргузор гардид. Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонониКумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. Дар назди ҳозирин баромад намуда, зимни баромади хеш оид ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, хатару таҳдидҳои терроризму эктремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки терроризм ва экстреризм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо