ХАТЛОН. Тибқи нақша-чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар рӯзҳои истироҳатӣ бо бо ҷалби сокинон ва иштироки бевоситаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои созандагию ободонӣ дар назди ташкилоту муассисаҳо, деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ карда мешавад.
Сокинон бо як ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ барои зебову озода гардонидани назди хонаҳои истиқоматии худ, назди коргоҳу ташкилотҳои хеш ба ҳашар баромада, ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянд.
Иштирокдорон ҳашари умумиро мувофиқи мақсад ва дар сатҳи баланд ташкил намуда, дар ин рӯзҳо корҳои зиёди ободонӣ ва тозаву озодагардониро ба сомон расониданд.
Мардуми шҳри Кӯлоб минбаъд низ ин иқдомро идома дода, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву хиёбонҳои шаҳр саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо