СУҒД. Бо назардошти иҷрои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастгирии оилаҳои камбизоат, дастгирии наврасону ҷавонон, таблиғи таҳсилоти сеюм байни аҳолӣ дар деҳаҳои дурдасти миқёси вилоят гузаронидани чорабинӣ дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонон ба роҳ монда шуд. Дар толори ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва Консой мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М бо волидон баҳри ҷалб намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон ба зинаи сеюми таҳсилот корҳои тарғиботӣ бурда, ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди омӯзиш қарор дода шуда, оид ба пешгириии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ низ корҳои фаҳмондадидӣ ба роҳ монда шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо