ДУШАНБЕ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ оид ба ташкил ва баргузор намудани аксияи хайриявӣ зери унвони “Мактаб - даргоҳи маърифат” ва қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин навбат чорабинии фарҳангӣ - хайриявии худро ба муносибати “Рӯзи дониш” дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, таҳти унвони “Роҳ ба сӯйи мактаб” бо тақдими сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш, пешкаши барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ ва хӯроки шомгоҳӣ бо фарогирии 70- нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе доир намуд.
Чорабинӣ аз даромадгоҳи Боғи кӯдакону наврасон оғоз гардида, аз се қисмат иборат буд. Қисми аввалро аксияи бозиҳои кӯдакона дар шакли озмун рангин намуда, қисмати дигари он бо суханони табрикотии меҳмонон оғоз гардид.
Нахуст, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Раҳмонзода З.Ф.- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни баромади табрикотии худ, қайд намуд, ки масъалаи наврасону ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор дорад.
Зикр гардид, ки мақсад аз ташкили чорабинии мазкур ин дастгирии наврасону ҷавонон дар самти илмомӯзиву касбомӯзӣ ва дар ниҳоди онҳо ҷой намудани корҳои эҳсонкориву хайрхоҳӣ ва ба ин васила дар руҳияи баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва созандагию бунёдкорӣ тарбия намудани онҳо мебошад.
Албатта ин иқдом дар заминаи тадбирҳои эҳсонкориву хайрхоҳонаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ гардида, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тасмим дорад, ки дар оянда низ теъдоди чунин чорабиниҳои хайрхонаро афзоиш диҳад.
Дар ин миён роҳбари марказӣ таҳлилӣ таблиғотии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло ва ҳамзамон, Раҳмонзода Абдулло – Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба соҳаи маорифи миллӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муазами миллат ба ин соҳаи муҳими афзалиятнок нуктаҳои ҷолибро манзур намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба ғолибони озмуни зикргардида туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо