ДУШАНБЕ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 27–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар якҷоя бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино «Аксияи тозагии соҳил-2018»-ро баргузор намуданд.
Ҳизбиёни пойтахт дар якҷоягӣ бо намояндагии Раёсати истифодабарии роҳҳо ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Сино дарёи Лучобро аз назди ҶДММ «Исток» то буриши кӯчаи Карамов аз партовгоҳҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Бояд қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тасмим дорад, то таҷлили ҷашни 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта чунин ҳашарҳои дастаҷамъиро дар дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ доир намояд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо