АНДЕША. Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад. Интиҳои асри 20 ва даҳсолаҳои аввали асри 21 нишон медиҳад, ки мушкилоти асосии ин фосилаи таърихӣ экстремизм ва терроризм мебошанд. Имрӯз ин равандҳо ваҳшонияти инсониро нишон дода, арзиши инсон ва дигар муқаддасотро аз байн бурдаанд. Соҳибихтиёрӣ, сохти конститутсионӣ, волоияти қонун ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз байн бурда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳро ба қатл расонидаанд.
Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ӯро аз андешаи солим дур месозад ва идоранашаванда мегардонад, ки дар натиҷа ба амали террористӣ даст мезанад.
Имрӯз гурӯҳҳои махсуси ташкилшудаи тарғиботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд
Мо, ҷавонон бояд дар хотир дошта бошем, ки мушкилоти азимтарине, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи он дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир, новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, ин мушкилоти мафкуравӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот содаву осон нест. Агар мо таърихи миллати худро гирем, фарзандони донишманду соҳибхирад ва дурандешу фозили миллат, ки дар роҳи ҳалли ин мушкилот кӯшишҳо кардаанд ва мафкураи халқро тағйир додан хостаанд ҳамеша ба туҳмату буҳтон гирифтор шуда, сангсор гардидаанд ва куфр хонда шудаанд. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин изоъҳои мазҳабию динӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо маҳз ҳамин мушкилот мебошад. Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин мушкилот буд. Имрӯз гурӯҳҳои махсуси манфиатдор ҷаҳонбинӣ, сатҳи фаҳмишу дониши сиёсӣ, психология, эътиқоди динӣ ва мафкураи моро меомӯзанд ва аз нуқтаҳои заифи мафкуравии мо сӯистифода карда, моро ба гурӯҳҳо табдил дода, миёни мо низоъ, бадбинӣ ва кинаю адоватро барангехта, мақсадҳои худро амалӣ менамоянд. Бо дарназардошти ин масъала мо - ҷавонон бояд таҳлилгари ҷиддии сиёсию равонӣ ва мафкуравию идеологӣ бошем.
Мо ҷавонон бояд фаромӯш насозем, ки ягон гурӯҳи террористию экстремистӣ дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд намеояд. Ҳамаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ташкилшуда мебошанд. Онҳо маблағгузорӣ шуда, бо лавозимоти зарурӣ, яроқу аслиҳа таъмин мегарданд ва пуштибонӣ меёбанд. Ин омил дар асри 21 яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсус маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин раванд мо, ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсию равонӣва идеологию эътиқоди динӣ устувор ва таъсирнопазир бошем, фирефтаву зудбовар нашавем. Ҳушёру зирак бошем ва мафкураи илмӣ – таҳлилӣ дошта бошем. Тавре Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад».
Қувватов Сайдалӣ-мудири шуъбаи ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо