ДУШАНБЕ. Имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” аз ҷониби кормандони ҳизбии ноҳия ва аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аёдати занҳои бемору пиронсол ва танҳои ноҳия баргузор гардид. Масъулини ҳизбӣ занону модарони пиронсолро ба муносибати “Рӯзи Модар” табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияро тақдим намуданд. Ин амали хайр ва саховатмандонаро занҳои пиронсолу танҳои ноҳия ба хушнудӣ қабул намуданд. Мақсад аз баргузории аксияи мазкур қабл аз ҳама дастгирӣ ва хушҳол намудани табақаи ниёзманд ва арҷгузоштан ба эҳтироми Модарон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо