Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” кулли модарони сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори “Рӯзи модар” табрику шодбош мегӯяд.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дараҷаи бузургии модар то ҳаддест, ки онро бо Ватан дар як радиф қарор дода, Ватан-Модар ва ё Модар-Ватан мехонем. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром низ нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва меҳри беҳамтои ӯ ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад.
Ҷашни модар ва истиқболи баҳор муборак, модарону хоҳарони гиромӣ ва бонувони азиз!
7.03.2019, шаҳри Душанбе
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо