СУҒД. Тибқи иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 20.02.2019сол таҳти №21 ва тибқи нақшаи ҳафтаинаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 4-уми марти соли 2019 бахшида ба ҷашнгирии “Рӯзи Модар” аксия таҳти унвони “Рӯзи сипоси модар” баргузор гардид. Аксияи мазкур аз ҷониби кормандони КИН ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкил карда шуда, дар Беморхонаи марказии ноҳия, идораҳои давлатӣ, бозори марказии ноҳия “Ашроф”, маркази Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, нуқтаҳои фурӯшии маркази Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, Китобхонаи марказонидашудаи ноҳия ва Бонки Эсхата гузаронида шуд. Дар доираи аксия, кормандони КИН ҲХДТ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба занҳои раҳгузар гул ва табрикномаи КИН ҲХДТ-ро тақдим намуда, онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо