СУҒД. Санаи 5-уми марти соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, ҳамроҳ нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо хонандагони МТМУ №13 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Набиев Шерзод ва мутахассиси КИН ҲХДТ Худоёров Раҳматулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон зимни вохӯрӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки «Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа руҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз барои тарбияи инсон, ба хотири сармояи зеҳнии фарзандонро тақвият бахшидан ва рушди захираҳои зеҳнии инсон таҳия шудааст». Инчунин дар давоми вохӯрӣ масъулини КИН ҲХДТ омӯзгорон ва ҷавондухтарони МТМУ №13-ро бо фарорасии 8-уми март Рӯзи Модар табрику таҳният намуда ба омӯзгорон табрикномаи КИН ҲХДТ-ро тақдим намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо