СУҒД. Иқдом ё худ аксияи «Рӯзи сипоси Модар» дар қаламрави шаҳри Хуҷанд хотирмон ва хеле самимона сурат гирифт. Масъулини ҳизб дар якҷояги бо аъзоёни фаоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мавзеъҳои серодам бонувони роҳгузарро табрик ва барояшон гулу номаи табрикӣ супориданд. Аз ин иқдоми наҷибу ғайричашмдошт, яъне, иқдоми ҲХДТ модарону хоҳарон шод гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки иқдоми мазкур дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо