Санаҳои 26 то 28 феврали соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон форуми байналмилалии ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир гардид, ки дар кори он фаъолони созмони ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» ширкат ва суханронӣ намуданд. Мавзӯи ин ҳамоиши байналмилалӣ «Рушди сайёҳӣ» интихоб гардида, дар кори он масоили вобаста ба рушди туризм дар кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни баромади худ, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло аз таваҷчуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, эълон гардидани соли 2018 дар Ҷумҳурии тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таваҷчуҳи бесобиқаи сайёҳони хориҷӣ ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон ба иштирокчиёни ин форуми байналмилалӣ маълумот дод. Дар охир видеоролик, ки бозгӯи манзараҳои зебои кишвар ва пойтахти Тоҷикистон- шаҳри зебои Душанбе буданд, ба намоиш гузошта шуд, ки таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо