ХАТЛОН. Бо ибтикори намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо хонандагони синфҳои болоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси хештаншиносию меҳанпарастӣ мулоқот доир карда шуд. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Фирузи Саидмӯъмин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия – Файзуллоев Алишер иштирок ва баромад намуданд. Нахуст, ҳозиорин қайд карданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор карданд, ки “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам”. Ин ғамхориҳои Сарвари давлат аз сиёсати ҷавонпарваронаи он шаҳодат медиҳад, ки мо – ҷавонон дар навбати худ бо як ифтихори баланди ватандорӣ донишу маҳорати хешро такмил дода, ҳамеша барои тариққиёти Тоҷикистони азизамон ҷаҳду талош намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо