ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохӯрии навбатии худро бо ҷавонони фаъоли маҳаллаи Янги-ер ҷамоати деҳоти Маданият ноҳия баргузор намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо