СУҒД. Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 мулоқот карданд. Ҳадафи мулоқот огоҳонидани хонандагон аз пайомадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маҳсуб мешуд. Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Рузиматов Д. таъкид кард, ки дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҷавонон бояд фаъол бошанд. Терроризм ва экстремизм муаммои мубрами ҷомеаи муосир маҳсуб шуда, мубориза бо он дастҷамъӣ мехоҳад. Пеш аз ҳама, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд ва ба равандҳои муосири ҷомеа таҳлилгарона назар афкананд, — зикр шуд дар мулоқот.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо