СУҒД. Субҳи имруз, 27 феврал дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар соли 2018 баргузор гардид.Дар он муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонон ва ноболиғони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Баҳром Саидзода ва роҳбарони намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд.Чорабинии мазкурро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода оғоз намуд. Баъдан ҳисоботи солонаи мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов шунида шуд.Бояд тазаккур дод, ки соли 2018 аз ҷониби шӯъбаи кор бо ҷавонон ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавзӯъҳои мубрами рӯз зиёда аз 820 адад чорабиниҳои мухталифи сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ аз он ҷумла баргузории сӯҳбату мулоқотҳо дар мавзӯъҳои “Эмомалӣ Раҳмон Президенти ваҳдатофарин”, “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат”, “Конститутсия – санади сарнавиштсози миллат!”, “Ҳомиёни Ватан”, “Об – манбаи ҳаёт”, “Мо бар зидди коррупсия мубориза мебарем!”, “Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд”, “Ҷавонон – дар шоҳроҳи бунёди ҷомеаи навин”, “Модар офарандаи ҳаёт”, вохӯриҳои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи вилоят дар қисмҳои низомии ҳудуди вилояти Суғд, аёдати шахсони яккаву танҳо, доир намудани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили футбол, теннис, шашка, шохмот ва велосипедронӣ гузаронида шуд. Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоти Суғд Аминҷон Шарифзода аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳо ва бовариву эътимоди Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон дар соли таърихии 25-солагии таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ барои пешрафти тамоми самҳои хоҷагии халқи Тоҷикистони азизамон боз ҳам бештар саҳмгузор бошанд. Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонон ва ноболиғони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Баҳром Саидзода оид ба шомил шудани ҷавонон ба ҳизбҳои экстремистию терористӣ, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овардан ҳамкориро дар иин самт бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр намоянд. Ҳамчунин дар маҷлис нақшаи фаъолияти шӯъбаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2019 тасдиқ ва ба ҳайати Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҳисоби ҷавонони фаъолу пешқадами шаҳру ноияҳо ва мактабҳои олии вилоят шомил карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки теъдоди аъзо аз хисоби чавонон дар ҳудуди вилоят ба 54395 нафар расонида шуда, нисбат ба соли гузашта ба 3021 нафар зиёд гардидааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо