ХАТЛОН. Дар асоси нақша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни ҷавонони Ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Асалмамад Бекмамадов ва зиёда аз 53 нафар ҷованон вохурӣ таҳти унвони «Ҷавонон - ояндасози давлату миллати тоҷик мебошанд» баргузор гардид. Зимнан Асалмамад Бекмамадов дар назди ҷавонон қайд намуд, ки «Ҷавонон - ояндасози давлату миллати тоҷик мебошанд» ҳар як ҷавон бояд ин сухани Асосгузори сулҳу вахдати миллū-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Зеро Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерeи созанда, боэътимод, сармояи пойдорӣ ва ояндасозӣ давлату миллати тоҷик мешуморад ва ба онҳо такя мекунад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо