ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и маҳаллаи Қазоқобод ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохӯрии навбатии худро бо ҷавонони фаъоли ноҳия таҳти унвон “Ҷавонон зидди терроризм” мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он омилҳои асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ намуданд. Дар вохурӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Нуруллоев Саъдулло, оид ба хатарҳои зуҳуроти терроризм ва экстремизм суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм вабои аср буда, омили асосии ваҳшоният ва хушунат шудааст. “Ҷавонон — нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, такягоҳи боэътимоди давлат маҳсуб меёбанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо