ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кории намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватани» дар шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо хонандагони синфхои болои суҳбату вохўри таҳти шиори «Терроризм ва ифротгароӣ- вабои аср!» гузаронида шуд. Дар вохўрии мазкур роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом иштирок намуда, иброз намуданд, ки дар айни замон яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба мисли микроби зараровар боиси ба миён омаданӣ оқибатҳои нохуш дар дилхоҳ ҷомеа гардида, сулҳу субот, оромӣ пешравиҳои иқтисодию иҷтимоиро халалдор месозад ва дар миёни кишварҳои дўсту ҳамсоя низоъҳо бармеангезад. Ба ҳамин хотир, имрўзҳо бар зиддӣ вабои аср ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи дастаҷамъона мебарад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо