ХАТЛОН. Тибқи нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант дар боғи фарҳангии шаҳр бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом, хонандагон ва аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант иштирок намуда, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, бехи дарахтонро нарму мулоимнамуда, аз алафҳои бегона, хору хасро тоза намуда, инчунин дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо