ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали мувофиқа ва тасдиқгардида роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав рўзи 21.02.2019 дар Маҳаллаи Олтинсои ҷамоати деҳоти Истиқлол –и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон, бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохўри дар мавзўи «Артиши миллӣ- сипари боэътимоди Ватан» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда қайд намуд, ки Іар як кишвар дорои артиши худ аст, вале Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисоди ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохил фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қуваҳои Мусаллаҳи худ шурўъ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо