ХАТЛОН. Тибқи нақша чорабиниӽои тасдиқнамудаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Литсейи касбии техникӣ ба номи генерал майор Рустами Холалӣ бо иштироки роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Шаӽноза Раҷабова бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохȳрӣ доир карда шуд. Зимни мулоқот роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Шаӽноза Раҷабова атрофи пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ӽар гуна ӽизбу ӽаракатӽои номатлуб, дуруст истифода бурдан аз технологияи муосир ва шабакаӽои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарӽои марбут ба истифодаи нодурусти онӽо, фаъол гардонидани ҷавонон дар самти пешгирӣ аз фарӽанги бегона ва саӽм гузоштан дар корӽои ободониву бунёдкорӣ, покизагиву сариштакорӣ суханронӣ намуд. Дар интиӽои вохȳрӣ аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» зери дарахтони сояафкани назди ЛКТ-ро нарм карда, ҷӯйборҳоро аз партовӽо тоза намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо