ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ёвон бо дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохӯрии навбатии худро бо ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Солиҳов Маҳмадрасул ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Нозиров Хайём иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо