ХАТЛОН. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав факултети иқтисодии бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ таҳти унвони «Ҷавонон – паёрави Пешвои миллатанд!» доир гардид. Дар ин вохӯрӣ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан», мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан баромад намуда қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамеша такя намуда, барои беҳтару хубтар гардидани шарту шароити кору фаъолияти ҷавонон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд, ва онҳоро лозим аст, ки ҳамеша аз пай донишазхудкунӣ бошанду касбу кори ба талаботи замони муосри ҷавобгӯро омӯзанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо