СУҒД. Ҷавонон зидди терроризм таҳти ҳамин унвон бо хонандагони литсейи №2-и ноҳияи Ашт мулоқот доир шуд, ки дар он омилҳои асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ намуданд. Баҳриддин Зиёӣ, раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба хатарҳои зуҳуроти терроризм ва экстремизм суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм вабои аср буда, омили асосии ваҳшоният ва хушунат шудааст. “Ҷавонон — нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, такягоҳи боэътимоди давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, ин қишри ояндасозро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ва ҷиҳати пешгирии пайомадҳои нохуши зуҳуроти номатлуб мубориза баранд”.Ҳамзамон, дар мавзӯи «Огоҳонидани ҷавонон аз пайомадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани ҷавонон дар роҳи мубориза ба онҳо» Рузиматов Дилшод, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳия маърӯза намуд. Таъкид шуд, ки маҳз ноогоҳӣ аз хатари терроризм ва экстремизм, инчунин дониши пасти сиёсӣ омили асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо