СУҒД. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан ва муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ба номи Пулодхӯҷа Саидғозиеви шаҳри Истаравшан бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба шоҳмот дар байни наврасони аз 9 сола то 13 ташкил ва гузаронида шуд. Дар мусобиқа аз 20 муассисаҳои таълимӣ зиёда 150 нафар наврасон иштирок карданд. Мақсади гузаронидани мусобиқа ба варзиш шавқ пайдо намудани наврасон,тарбия намудани наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва бо ин васила ҷалби онҳо ба корҳои созагдагиву ободонӣ мебошад. Барои омада намудани наврасон саҳми омӯзгорони муассисаи таълимӣ Қулиев Фирдавс, Шодиев Собир, Камолов Сӯҳбат хеле калон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо