ХАТЛОН. Тибқи нақшаи фаъолияти бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати омодаги ва истиқболи рӯзи таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 11.02.2019 вохӯрии ҷавонону наврасони ноҳияро ҷиҳати ошнои ба вазъи хизмат ва шароитҳои хизмати ҳарбӣ дар қисми низомии сарҳадии 02214 дар ноҳияи Шаҳритуз мавҷуд буда, бо иштироки зиёда аз 200 нафар ҷавонону наврасон баргузор намуд. Ҷавонону наврасон ба шароити хизмат ва буду боши хизматчиёни ҳарбии қисми низомии мазкур шинос шуда бо сарбозону афсарони қисми низомӣ ба ҷои хоб, хӯрду хӯрок ва аслиҳаҳои ҳарбӣ шинос шуданд. Дар охир Аксия таҳти унвони “Садоқат ба Ватан мароми мост” баргузор гардида ба сарбозону афсарон нигораҳо ва овезаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо