ХАТЛОН. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант Аксияи тарғиботии-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бо аъзоён ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар боғи фарҳангии шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд. Дар Аксияи мазкур аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳр иштирок намуда, барои шинонидани гулу бутаҳои ҳамешасабз заминҳоро нарму мулоим сохта, ниҳолу гулҳои ороишӣ шинониданд. Аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумита аз чунин иқдоми нек сарфароз буда, ташаббуси ватандўстонаи ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои мантиқии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо