ХАТЛОН. Дар асоси наҷша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни ҷавонони маҳаллаи Сомонии Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ»-и бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Асалмамад Бекмамадов ва зиёда аз 64 нафар ҷованон вохӯрии судманд таҳти унвони «Ваҳдату ягонагӣ мароми мо ҷавонон» доир гардид. Дар чорабинии мазкур Бекмамадов Асалмамад - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, дар рафти суханрониаш иброз намуд, ки: - Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба ҷадру манзалати истиҷлолият ва давлатдории мустаҷилона расем, худро ҳамтаҷдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. [ифзи дастоварди нодир ва таърихии халҷамон ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи маҷомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хусусан ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад. Момардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавҷеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва ҷудрату uановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиву ҳизбӣ афзалтар шуморем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем. Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараҷҷиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ аҷиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯи дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаю технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиҷу раҳнамоӣ созем. Гузашта аз ин, дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ, тамкину таҳаммул, ватандӯстиву ватанпарварӣ, донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва ҷарзи инсонии калонсолону аҳли зиёи мамлакат ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо